Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо нашри изҳороте ҳамлаи мусаллаҳонаро ба сафорати Озарбойҷон дар шаҳри Теҳрони Эрон маҳкум кард.
“Мо ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба осебдидагон шифои зудтар хоҳонем. Умедворем, ки ҳамаи гунаҳкорон пас аз таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд", - омадааст дар изҳорот.
Як марди мусаллаҳ рӯзи 27-уми январ ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон ҳамла кард ва дар натиҷа масъули амниятии сафорат кушта ва ду муҳофизаш захмӣ шуд.
Озарбойҷон дар ин ҳамла Эронро айбдор кард. Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, ҳамла аз маъракаи ахири зидди Боку дар расонаҳои Эрон "об мехӯрад".
Пулиси Теҳрон гуфтааст, ҳамла ангезаи “шахсӣ” дошт. Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Носир Канъонӣ гуфт, Теҳрон ҳамларо шадидан маҳкум мекунад.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ҳамларо “террористӣ” хонд.