Қирғизистонии зиндонӣ дар Русия дар Украина кушта шуд

Шаҳрванди Қирғизистон Аян Алишерови 30-сола, ки дар яке аз маҳбасҳои Русия муҳлати ҷазои худро адо мекард, 24-уми ноябр дар наздикиҳои шаҳри Бахмути вилояти Донетски Украина кушта шудааст.

Волидони Алишеров ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади фарзанди онҳо 22-юми январ ба Қирғизистон интиқол ёфта, 23-юми январ дар зодгоҳаш ноҳияи Ноокен ба хок супорида шуд.

Аян Алишеров соли 2019 бо ҷурми "одамрабоӣ" ва "тамаъҷӯӣ" дар шаҳри Москва боздошт шуда буд. Модари Алишеров Роҳатой Абдивалиева гуфт, намедонанд писари онҳо чи гуна аз зиндони Русия ба ҷанги Украина рафтааст.

Ба гуфтаи Абдивалиева, ӯ бори охир 2-юми октябри соли гузашта бо писараш телефонӣ суҳбат карда буд ва Алишеров гуфтааст, баъди шаш моҳ озод мешавад ва ба ватан бармегардад. "Шояд ӯ барои он ки ман ғамгин нашавам дар бораи ҷанг чизе нагуфт. Ман намедонам, ӯ чи гуна аз зиндон ба ҷанг рафтааст. Ман ҳоло ба шаҳри Москва омадаам, то инро дақиқ кунам", - афзуд ӯ.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Русия қарор доранд.