Толибон духтаронро аз донишҷӯ шудан маҳрум карданд

Духтарони афғонистонӣ дар назди як донишгоҳи Кобул

Вазорати маорифи Толибон дари Донишгоҳҳои хусусиро барои заноне, ки ба имтиҳонсупорӣ мерафтанд, бастааст.

Дар номаи Толибон ба донишгоҳҳои хусусӣ гуфта шудааст, ки агар занонро ба имтиҳонсупорӣ роҳ диҳанд, дар додгоҳ посух хоҳанд дод.

Дар Афғонистон 40 донишгоҳи давлатӣ ва 150 донишгоҳи хусусӣ амал мекунад. Имтиҳони қабул барои донишҷӯ шудан дар донишгоҳҳои Афғонистон охири моҳи феврал бояд баргузор шавад.

Пештар, дар моҳи декабри соли 2022 Толибон вуруди донишҷӯдухтарон ба донишгоҳҳоро манъ карда буданд. Ҳамзамон ба занону духтарон иҷозаи кор дар созмонҳои ҷамъиятиро надоданд.

Толибон аз рӯзи аввал ба духтарони синфҳои болоӣ иҷозаи таҳсил дар мактабҳои миёнаро надода буданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин амалкардҳои Толибонро маҳкум мекунад ва то кунун ҳеч кишваре ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.

Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ишғол ва ҳукумати худро эълон намуданд.