Додгоҳи Русия рӯзи 25-уми январ фаъолияти боз як созмони ҳомии ҳуқуқи башар -- "Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав"-ро манъ кард. Ба қавли додрас, созмон берун аз чорчӯби муайяншуда кор бурдааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони шинохтаи Русия бар ин назаранд, ки ҳукм ҷилои сиёсӣ дорад ва аз оғози таҷовуз ба хоки Украина, Русия таъқиби муназзами дигарандешону ҳомиёни ҳуқуқро ба роҳ мондааст.
Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав соли 1976 аз тарафи донишмандони дигарандеши Шӯравӣ таъсис ёфта, ҳадафи асосии он назорати иҷрои паймони Ҳелсинки буд. Дар авҷи Ҷанги Сард ин паймон мебоист ташаннуҷ миёни кишварҳои Ғарбу Шарқро коҳиш диҳад. Бо мурури замон Гурӯҳи Ҳелсинки ба созмони ҳомии демократия ва озодиҳои шаҳрвандӣ табдил ёфт.
Дар охири соли гузашта Вазорати адлияи Русия иддао пеш овард, ки "Гурӯҳи Ҳелсинки" дар Маскав сабт шуда, ҳақ надорад, дар дигар гӯшаҳои Русия фаъол бошад. Мудири иҷроияи "Гурӯҳи Ҳелсинки" Светлана Астрахантсева айбномаро беасос шумурд.
Ӯ гуфт: "Гурӯҳи Ҳелсинки иҷрои лоиҳаҳоро бо сармоягузории хориҷӣ дар соли 2012 бас кард. Иҷрои лоиҳаҳо бо гранти президенти Русия баъд аз марги Людмила Михайлова - раиси собиқи созмон мутаваққиф шуда буд. 4 соли охир мо бидуни кадом лоиҳае ба истилоҳ "парвози озод" доштем. Мо ҳуқуқи шаҳвандонро ҳимоя мекардем. Мо кӯшиш мекардем, таваҷҷуҳи мақомотро ба эҳтироми ҳуқуқи башар ҷалб кунем."
Фаъолони ҳуқуқи башари Русия, ки муҳокимаро пайгирӣ мекарданд, аз эҳтимол дур намедонанд, ки ҳукми баста шудани Гурӯҳи Ҳелсинки бо амри ҳукумат қабул шудааст.
Вакили мудофеъ Генри Резник гуфт, "мо одами соддалавҳ нестем. Мефаҳмем, ки ин ҳукм ҷилои сиёсӣ дорад. Баста шудани "Гурӯҳи Ҳелсинки" зоҳиран, бо амр аз боло, дақиқ намедонам, ки дар кадом сатҳ, вале шояд сатҳи баланд гирифта шудааст."
Аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли гузашта президенти Русия таъқиби дигарандешон, расонаҳои мустақил, ҳомиёни ғайридавлатии ҳуқуқи башар ва мухолифини сиёсиро бештар кардааст.