Ниҳолбӣ Носирова, модари рӯзноманигори зиндаёди тоҷик Искандари Хатлонӣ, даргузашт. Наздиконаш рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ шаби гузашта дар шаҳри Душанбе даргузашт ва ҷасадашро ба шаҳри Кӯлоб бурданд. Дар назар аст, маросими ҷанозаи ӯ баъд аз намози ҷумъа баргузор шавад. Ба гуфтаи наздикон, ӯ дар паҳлӯи қабри писараш Искандари Хатлонӣ ба хок супурда мешавад. Искандари Хатлонӣ (Искандар Идиев), шоиру хабарнигори тоҷик, 12-уми октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим дар Кӯлоб ба дунё омадааст. Искандари Хатлонӣ моҳи сентябри соли 2000-ум дар манзилаш дар Маскав ба қатл расонда шуд. То кунун омилони қатли шоири тозагӯ ва хабарнигори хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-би-сӣ гузориш медод, пайдо ва муҷозот нашудааст.
Навор аз бойгонӣ: