Кормандони вазорату идораҳоро дар Узбекистон кам мекунанд

Дар Узбекистон беш аз 17 ҳазор корманди вазорату идораҳоро кам мекунанд. Дар ин бора президенти он кишвар рӯзи 25-уми январ фармон имзо кард.

Дар умум 24 дарсад аз шумораи умумии кормандони вазорату идораҳои Узбекистон кам хоҳад шуд.

Бино ба фармони президент Шавкат Мирзиёев, теъдоди муовинони роҳбарони вазорату идораҳо аз 207 ба 144 расонида хоҳад шуд. 703 мошин ва 10 бино холӣ карда мешавад.

Дар шарҳи фармони президенти Узбекистон омадааст, аз ҳисоби коҳиши теъдоди корманд ва мошинҳо ҳудуди 140 миллион доллари буҷет сарфа хоҳад шуд.

Шумораи умумии кормандони вазорату идораҳои давлатии Узбекистон зиёда аз 56 ҳазор кас таъйин шудааст.