Аз мақомоти Қирғизистон хостанд, Радиои Озодиро набандад

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” аз мақомоти Қирғизистон хост, ки фишор болои дафтари Радиои Озодӣ дар Қирғизистонро бас карда, аз нияти бастани ин расонаи боэътибор даст кашад.

Ахиран вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон гуфт, азбаски Азаттик Медиа – бахши қирғизии Радиои Озодӣ талаби онҳо барои аз вебсайт бардоштани гузориши видеоӣ дар бораи муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро рад кард, аз додгоҳ хостааст, ин расонаро бандад.

Мақомоти қирғизистонӣ гуфтанд, ки дар барномаи видеоие, ки сентябри порсол аз ҷониби телевизиони “Настояшее время” ва “Садои Амрико” таҳия ва нашр шуд, дар зикри муноқишаи марзӣ гӯё бартарият ба мавқеи Тоҷикистон дода шуд.