Туркманистон содироти газро ба Узбекистон дубора оғоз кард

Акс аз бойгонӣ

Узбекистон воридоти гази табииро аз Туркманистон аз 21-уми январ дубора оғоз кардааст, вале ҳаҷми кунунии он нисбат ба пешин камтар гуфта мешавад.

Хабаргузории "Gazeta.uz" бо истинод ба ширкати "Узтрансгаз" иттилоъ додааст, ки воридоти газ аз Туркманистон дар ҳаҷми 4,8 миллион метри мукааб дар рӯз аз сар гирифта шуда, имрӯз он то ба 12,6 миллион метри мукааб расидааст. Қарор аст, ҳаҷми рӯзонаи воридотӣ то ба 16 миллион метри мукааб расонида шавад.

Раиси дастгоҳи президенти Узбекистон Сардор Умурзоқов ва президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов 12-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Ишқобод созишномаеро ба имзо расонданд, ки содироти 20 миллион метри мукааб газро ба Узбекистон дар як шабонарӯз пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Туркманистон дар охири моҳи декабр хабар доданд, ки ба далели пеш омадани нуқси техникӣ интиқоли газ ба Узбекистон бас карда шуд.

Ширкати давлатии "Туркмангаз" дар охири соли 2022 хабар дод, ки Узбекистон дар 11 моҳ ба маблағи 1,03 миллиард доллар аз Туркманистон гази табиӣ харидааст.