Як қисми тарабхонаҳои пешини "McDonald’s" кори худро дар шаҳри Алматои Қазоқистон дубора беном ба роҳ мондаанд.
“Як қатор тарабхонаҳои ширкати "Food Solutions KZ LLP" бо бренди "McDonald's", ки қаблан дар Алмато баста шуда буданд, аз 23-юми январ дубора дари худро боз карданд. Ифтитоҳи дубораи тарабхонаҳо тадриҷан сурат мегирад ва дар марҳилаи аввал дар ин шаҳр 5 тарабхона боз хоҳад шуд", - гуфта шудааст дар иттилоияи ширкат.
Тарабхонаҳои McDonald's дар Қазоқистон охирҳои соли гузашта "муваққатан" баста шуданд. Яке аз далелҳои баста шудани онҳо қатъи воридоти маҳсулот аз ҷониби ширкатҳои русӣ номида шудааст.
McDonald's дар шаш соли охир дар Қазоқистон ба бузургтарин бозигари бозори хӯроки тезтайёр ё зудпаз табдил шуда буд. Ин ширкат баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла гӯшти гову мурғро аз хориҷа мехарид. Ширкати русии "Мираторг" ба McDonald's дар Қазоқистон гӯшт мерасонд.