Берлин омодааст, ба Лаҳистон иҷозат диҳад, то тонкҳои олмонии "Леопард-2"-ро, ки дар ихтиёр дорад, ба Украина бидиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Олмон, Анналена Бербок, рӯзи 22-юми январ гуфтааст, агар Варшава дархост кунад, кишвараш иҷозат хоҳад дод.
"Агар аз мо дархост кунанд, зид нахоҳем баромад. Мо медонем, ки ин тонкҳо ҳоло чӣ қадар муҳим ҳастанд ва бинобар ин, онро бо ҳамтоёни худ баррасӣ дорем. Мо бояд коре кунем, ки ҷони одамон наҷот ёбад ва қаламрави Украина озод шавад," -- иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханони вазири корҳои хориҷии Олмон.
Сарвазири Лаҳистон Матеуш Мораветский қаблан гуфта буд, агар Олмон ҳам нафиристад, Варшава тонкҳои олмонии худро ба Украина хоҳад фиристод. "Мо дар канор нишаста, тамошо намекунем, ки чӣ гуна дар Украина хун мерезад," -- навиштааст Мораветский дар Твиттер.
Ҳукумати Украина аз ҳампаймонҳои ғарбиаш хост, барои муқовимат ба нерӯҳои Русия ба он кишвар аслиҳаи бештар, аз ҷумла тонкҳои пешрафта бидиҳанд ва мегӯяд, зоҳиран Маскав ба ҳамлаҳои васеътар ва фаротар аз вилояти Донбас омодагӣ мегирад.