Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост кардааст, ки фаъолияти "Азаттык Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.
Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".
Ба гуфтаи масъулони Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон, амали "Азаттык Медиа" хилофи талаботи Қонуни ин кишвар "Дар бораи васоити ахбори ом" буда, тибқи моддаи 23-и қонуни мазкур, таблиғи ҷанг, зӯроварӣ, бераҳмӣ, ва таҳаммулнопазирӣ нисбат ба халқу миллатҳои дигар манъ аст.
Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.
Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.
Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.
"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31-уми октябри соли гузашта суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.