Артиши Украина мегӯяд, неруҳои Русия бо идомаи пешравӣ дар шаҳри стротегии Бахмут дар вилояти шарқии Донбас ҳамлаҳои ҳавоиро бештар кардаанд.
Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 21-уми январ гуфт, ки танҳо дар ҳамин рӯз неруҳои ҳавоии Русия ба Украина 27 дафъа, аз ҷумла бо як мушак зарба задаанд. Дар ин рӯз 55 гузориш дар бораи ҳамла аз тӯпхонаҳо расидааст.
Бо гузашти 11 моҳ аз ҷанги бедалели Русия ба зидди Украина, набардҳо бештар дар шаҳри Бахмут дар шимолушарқи кишвар ва вилояти Запорожйе идома дорад, ки ду тараф дар он ҷойҳо неруҳои зиёдеро басиҷ кардаанд.
Ҳукумати Украина аз шарикони ғарбиаш хостааст, барои муқовимат ба неруҳои Русия ба он кишвар аслиҳаи бештар, аз ҷумла тонкҳои пешрафта бидиҳанд ва мегуяд, ки зоҳиран Маскав ба ҳамлаҳои васеътар ва фаротар аз вилояти Донбас омодагӣ мегирад.
Айни замон Хадамоти иттилоотии Бритониё гуфтааст, ки Маскав худро барои муҳофизат аз хатароти эҳтимолии низомии берун аз саҳнаи ҷанг дар Украина омода мекунад.
Русия ҳафтаи гузашта эълон кард, ки то се соли дигар теъдоди сарбозони артишро 1 миллиону 500 ҳазор нафари дигар бештар мекунад ва дар кишвар ду ҳавзаи дигари низомӣ таъсис медиҳад.