Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 17-уми январ муҳлати ҳабси вазири пешини фарҳанги он кишвар Аристонбек Муҳаммадиулиро дароз кардааст.
Муҳаммадиулӣ моҳи майи соли 2022 боздошт шуд. Он замон вай роҳбари Осорхонаи миллии Қазоқистон буд.
Вазири пешин ба дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷа гумонбар аст.
Парвандаи Муҳаммадиулиро мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқ мекунанд.
Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд. Зарари эҳтимолии ба давлат расонидаи ӯ тақрибан 7 миллиард танга баҳо дода мешавад.