Оҷонси зиддифасод дар робита ба марги Асад Баҳромов (Мардонович), як корманди ҳукумати шаҳри Панҷакент, вокуниш кард.
Пештар манобеъ гуфтанд, Баҳромови 59-сола дар пайи бозпурсӣ аз сӯи маъмурони Оҷонси зиддифасод рӯзи 11-уми январ худкушӣ кард.
Дафтари матбуоти Оҷонсӣ рӯзи 19-уми январ дар изҳороте гуфт, ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта нисбати Асад Баҳромов, сардори шуъбаи назорати кумакпулиҳои иҷтимоии шаҳри Панҷакент ба иттиҳоми «суистифода аз ваколатҳои мансабӣ» парванда оғоз шуда буд.
Масъулони Оҷонс тасдиқ кардаанд, ки Асад Баҳромов бозпурсӣ шуд, вале «ягон бор изҳори нигаронӣ накард.» Тасдиқи дурустии ҳарфи мақомот аз манобеи мустақил имкон надорад.
Ду рӯз пеш Умеда Азимова, ҳамсари Асад Баҳромов, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, “ба шавҳарам туҳмат заданду фишори зиёди равонӣ оварданд”. Аммо Оҷонси зиддифасод гуфтааст, марги Баҳромов ба фаъолияти ин ниҳод иртибот надорад.
Пештар як манбаъ дар Додситонии шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфта буд, марги Асад Баҳромовро таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, аз ҷайби ин корманди собиқи ҳукумати Панҷакент мактубе пайдо кардаанд, ки эҳтимол марҳум дар он чизеро ошкор кардааст.
Бори аввал нест, ки кормандони давлатӣ ва ҳам сокинони одӣ баъд аз бозпурсӣ дар ниҳодҳои қудратӣ даст ба худкушӣ мезананд.