Боздошти як гуруҳ барои озори муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, аъзои як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро дастгир карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин афрод ба озору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон гумонбар буда, баъди фирор ба кишвар дастгир шудаанд. Ҳамроҳи онҳо як шаҳрванди Узбекистон низ будааст.

"Дар моҳи августи соли 2022 бо таҳдиди силоҳ ва корду табар муҳоҷирони тоҷикро гаравгон гирифта, ҳар моҳ аз 500 то 2000 доллар "ҳақ" меситониданд," - гуфта шудааст дар хабари Вазорати корҳои дохилӣ.

Ба ин афрод, ки се нафар аз ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ва як каси дигар аз Қубодиён ҳастанд, то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Қазоқистон пас аз Русия яке аз кишварҳои муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кор ба Қазоқистон мераванд. Онҳо асосан дар бозору сохтмонҳо кор мекунанд.