Вазири умури хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар суҳбат бо телевизиони "TRT World"-и Туркия гуфтааст, ки Теҳрон ишғоли нимҷазираи Қрим ва чаҳор минтақаи дигари Украинаро эътироф намекунад.
"Мо соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳоро дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ эътироф мекунем. Аз ин рӯ, бо вуҷуди равобити олии Теҳрон ва Маскав, мо ҷудошавии Қрим, Луҳанск ва Донетскро аз Украина эътироф накардем", - изҳор доштааст Абдуллоҳиён.
Вай афзуда, ки мақомоти Эрон ба "усули пайваста"-и худ дар сиёсати хориҷӣ пойфишорӣ мекунанд. "Вақте мо мегӯем, ки муноқиша дар Украина роҳи ҳал нест, мо ба мавқеи худ ҳамчун як усули бунёдии сиёсӣ боварӣ дорем", -гуфтааст ӯ.
Қаблан Владимир Путин дар як маросим қарори ғасби минтақаҳои ишғолшудаи Украинаро зери унвони “аҳдномаҳои пайвастшавӣ” имзо кард. Ин маросим се рӯз баъди анҷоми референдумҳои сохтаи Кремлин дар бораи гӯё пайвастани қаламравҳо ба Русия баргузор шуд ва натиҷаҳои онро Киеву Ғарб ҳамчун ғасби қаламравҳо бо роҳҳои мусаллаҳона маҳкум карданд.
Ин чор қаламрав ҳамсарҳади нимҷазираи ҳамчунин соли 2014 ғайриқонунӣ ишғол ва ҳамроҳшудаи Қрими Украина ба Русия мебошанд. Ҳамаи ин панҷ минтақа 20 дарсади қаламравҳои Украинаро ташкил медиҳанд.