Қазоқистон: Порлумон пароканда шуд

Қосимҷомарт Тоқаев

Раисҷумҳури Қазоқистон порлумони ин кишварро пароканда ва интихоби пеш аз муҳлат эълон кард. Бар асоси фармони Қосимҷомарт Тоқаев, ки 19-уми январ нашр шуд, интихоби вакилон 19-уми март баргузор хоҳад шуд.

Тоқаев ба Кумисюнми марказии интихобот дастур додааст, ки барои гузарондани интихоботи вакилон, ҳокимони Остона, Алмаато, Шимкент ва вилоятҳо "ҳама чораҳои заруриро" андешанд.

Субҳи 19-уми январ Қосимҷомарт Тоқаев дар шаҳри Остона бо роҳбарони порлумон ва ҳукумат масъалаи пароканда кардани маҷлис ва интихоботи пеш аз муҳлатро баррасӣ кард.

Машварат бо роҳбари порлумон ва нахуствазир пеш аз пароканда кардани порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ як тартиби муайянкардаи Қонуни асосии Қазоқистон аст.

Дар бораи гузарондани интихоботи зудҳангом Қосимҷомарт Тоқаев моҳи сентябри соли 2022 гуфта буд.

Тибқи қоидаҳои нав дар Қазоқистон, 70 дарсади вакилон аз ҳисоби рӯйхати ҳизбӣ ва 30 дарсади дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.