Ҳукумати президенти Амрико Ҷо Байден талош дорад, ки низомиҳои Украина имкони зарба задан ба ҳудуди Қрими аз сӯи Русия ғасбшударо ҳосил кунанд ва ба ин тартиб дар гуфтугӯҳои оянда соҳиби мавқеи манфиатовар гарданд.
Дар ин бора нашрияи The New York Times бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.
Нашрия менависад, ҳукумати Ҷо Байден дар оғози ҳамлаи Русия ба Украина мавқеи дигар дошт, намехост ба Киев аслиҳае диҳад, ки нимҷазираи Қрим ба ҳадаф расад ва ба ин тартиб, аз шиддат гирифтани низоъ пешгирӣ шавад.
Акнун ҳукумати Байден баъди гуфтугуҳо бо мансабдорони Украина "моил аст, Киев ба аслиҳае даст ёбад, ки ба Қрим зарба занад, ҳатто агар ин иқдом боиси таниши бештар шавад".
Ба навиштаи нашрия, Амрико ҳамоно намехоҳад, ба Украина мушакҳое диҳад, ки то Қрими ғасбшуда парвоз кунанд. Аммо имкони ирсоли маҷмаи мушакии HIMARS ва мошинҳои зиреҳпӯши Bradley-ро баррасӣ дорад, ки метавонанд, ба роҳҳои расонидани масолеҳ ба Қрим, аз ҷумла пули Қрим зарба зананд.
Ин масъала, ба навиштаи The New York Times, чанде пеш дар мулоқоте дар Кохи Сафед баррасӣ шудааст.
То оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар таърихи 24-уми феврали соли 2022 Украина расман мегуфт, тасмим надорад, Қрими ғасбшударо бо роҳҳои низомӣ баргардонад. Аммо ахиран мавқеи Киев тағйир ёфт ва баргардонии ҳамаи ҳудудҳояшро шарти аслии созишномаи сулҳ унвон мекунад.