Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни муштзанҳои то 22-сола, ки имрӯз, 18-уми январ, дар шаҳри Бангкоки Тайланд оғоз ёфта, то рӯзи 26-уми январ идома хоҳад кард, ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқа, ки бори дувум баргузор шудааст, ҳудуди 250 муштзани ҷавони беш аз 20 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Камбоҷа, Тайланд, Кувайт, Арабистони Саудӣ ва Филиппин, иштирок мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 6 мард ва 1 зан дохиланд:
-57 кг – Хусравхон Раҳимов
-60 кг – Абубакр Муродзода
-71 кг – Довуд Маҳкамов
-75 кг – Абдумалик Болтаев
-80 кг – Шаҳбоз Ҳаитов
+92 кг – Асадбек Маннонов
-60 кг – Бибинишастамо Холова
Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо иштироки 109 муштзан аз 12 кишвар баргузор шуд, 11 медал (1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 нафар ба финал роҳ ёфта, як нафар медали тилло гирифт. Муштзани ҷавони тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило бар рақибаш Рустам Урусбек уулу аз Қирғизистон ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.