Шикоят аз бебарқӣ ва ташкили телефони боварӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ.

Барои назорати таъмини барқ дар Тоҷикистон телефони боварӣ ташкил кардаанд.

Идораи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар хабарномае гуфт, "телефони мазкур бо мақсади кумак ба аҳолӣ бобати таъмини барқ, муносибати кормандони соҳа бо муштариён ва шаффофияти кор ташкил шуд".

Рақами телефони боварии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" -- 778 886 021 ва 2-50-33-01 будааст.

Ин рақами боварӣ дар ҳоле фаъол шуда, ки шикоятҳо аз хомӯш шудани барқ дар кишвар зиёд аст. Сокинон мегӯянд, дар рӯзҳои сардтарини сол соатҳо бе барқ мемонанд ва ин ҳолат бахусус бошандагони биноҳои баландошёнаро дар ҳолати ногувор мегузорад.

Ҳафтаи гузашта бо оғози сардиҳои камсобиқа дар кишвар мақомот аз бардоштани шудани лимит ё маҳдудияти барқ хабар доданд.