Боздошти ду мард ба гумони фурӯши ҳашиш дар Қирғизистон

Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз боздошти ду узви гуруҳи ҷиноие хабар додааст, ки гуё аз Тоҷикистон ба он кишвар маводи мухаддир интиқол медоданд.

Хадамоти матбуотии вазорат гуфтааст, аз боздоштшудаҳо беш аз 12 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.

"Рӯзи 13-уми январ, соати 19:00 дар назди яке аз масҷидҳои ноҳияи Сокулуқи вилояти Чуй ҳангоми кӯшиши фурӯши ҳашиш ду мард дастгир карда шуд", - омадааст дар иттилоия.

Ин ду мард 54 ва 58 сол дошта, мехостаанд, 12 кило ва 170 грамм ҳашишро фурӯшанд. Яке аз онҳо ҳамчун узви гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар қайд будааст.