Киев аз ҳампаймонҳои ғарбияш аслиҳаву таҷҳизот хост

Владимир Зеленский

Нерӯҳои Украина дар шабонарӯзи гузашта дар шарқи ин кишвар ба ҳамлаҳои муназзами нерӯҳои мусаллаҳи Русия муқовимат нишон додаанд.

Киев дар арафаи мулоқоти кишварҳои ҳампаймонаш дар Ғарб бори дигар хост, нерӯҳояшро бо таҷҳизоту аслиҳа, аз ҷумла тонк, таъмин кунанд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 17-уми январ гузориш дод, ки Русия камаш 70 ҳамла раҳандозӣ намуда, 15 шаҳру деҳа, аз ҷумла Соледар ва Баҳмутро оташборон кард.

Президенти Украина Владимир Зеленский шоми 16-уми январ дар паёми телевизионӣ ҳамлаи мушакиро ба бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар Днепр, ки ҳаёти 40 нафарро аз байн бурд, ёдовар шуд ва ба зарурати таъмини Украина бо аслиҳа таъкид кард.