Рӯйхати донишҷӯёни узбекистоние тартиб дода шудааст, ки иҷозаи интиқол ёфтан аз ҳашт минтақаи наздисарҳадии Русия бо Украинаро ба Узбекистон пайдо кардаанд.
Ба ин тартиб, донишҷӯёни узбекистонӣ аз донишгоҳҳои вилоятҳои Курск, Брянск, Белгород, Воронеж, Ростов, Краснодар, инчунин Қрим ва Севастопол метавонанд, таҳсилашонро дар донишгоҳҳои Узбекистон идома диҳанд.
Пештар донишҷӯёни узбекистонӣ, ки дар вилоятҳои мазкури Русия таҳсил мекунанд, аз мақомоти Узбекистон дархости интиқол карда буданд. Донишҷӯён гуфтанд, ба далели ҷанги Русия дар Украина ҳаёташон дар хатар аст.