"Касе нест, нигоҳубин кунад." Идомаи таътил дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Таътили тӯлонӣ дар кӯдакистону мактабҳои Тоҷикистон ташвиши волидонро зиёд кардааст.

Агар аз як тараф ин тасмимро барои ҳифзи саломати наврасон муҳим медонанд, аз сӯи дигар баъзе аз волидон маҷбур шудаанд, ба рухсатии бемузд бароянд.

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, барои ду ҳафта таътили тамдидшуда барномаи вижа надоранд.

Алиҷон Исоев, сокини шаҳри Душанбе, ду фарзанди мактабхон дорад. Барои онҳо нақшаи рӯз таҳия кардааст. Гоҳе худаш бо фарзандон машғул мешавад, гоҳе дигар ҳамсараш.

“Ба ҷуз онки забони англисӣ меомӯзанд, дар хона ба модарашон ёрӣ медиҳанд. Баъзан бо компютеру телефон ҳам кор мекунанд,” – афзуд ӯ.

Таътили зимистона рӯзи 10-уми январ ба поён расид, вале бинобар сардии ҳаво то 20-уми январ дароз шуд.

Наврӯзи Ҷумъамурод, сухангӯйи Вазорати маориф ва илм, рӯзи 16-уми январ гуфт, дар ин давра барномаи вижае барои хонандагон надоранд. “Вале онҳо метавонанд забон биомӯзанд, чаҳорсад луғати забони англисиро аз бар кунанд,” – гуфт ӯ.

Дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Ҳавои сарду тамдиди таҳсил дар мактабу боғчаҳо пеш аз ҳама ба кору зиндагии волидоне таъсир кардааст, ки ҳарду коргар ҳастанд ва барои нигоҳубини фарзандон дастёр надоранд.

Дилшода, сокини шаҳри Душанбе, чаҳор фарзанд дорад. Мегӯяд, ба рухсатии бемузд баромадааст, то фарзандонашро дар хона нигоҳубин кунад.

“Шавҳарам ба кор меравад. Ду писари мактабхон дорам. Ду фарзанди дигарам ба кӯдакистон бояд раванд, вале онҳо низ дар таътил ҳастанд. Касе нест, ки онҳоро нигоҳубин кунад. Илоҷи дигар набуд,” -- нақл кард мусоҳиби мо.

Дар Тоҷикистон чанд рӯз аст, ки ҳавои сарди тоқатфарсо идома дорад ва дар баъзе аз ноҳияҳо ҳаво шабона аз 20 дараҷа ҳам сардтар аст.