Вазири дифои Олмон аз мақомаш истеъфо дод

Вазири дифои Олмон Кристин Ламбрехт

Вазири дифои Олмон, Кристин Ламбрехт, дар пайи танқидҳои давомдор аз тарзи иҷрои барномаи модернизатсияи артиш ва таъминоти Украина бо силоҳҳо ба истеъфо рафт.

Ламбрехт рӯзи 16-уми январ дар номаи истеъфояш ба унвонии садри аъзам Олаф Шолтс гуфт, "тамаркузи матбуот ба шахсиятам давоми моҳҳои зиёд" монеи баҳсҳои воқеӣ дар атрофи сиёсати низомиву амниятии Олмон гардид.

Ӯ 57-сола аст ва моҳи декабри соли 2021 дар ҳукумати Олаф Шолтс вазири дифоъ таъин шуд.

Мунтақидонаш мегуфтанд, ки Ламбрехт ба мақоми вазири дифоъ намеарзад, вале Шолтс ӯро ҳамеша чун "вазири дараҷаи як" ситоиш мекард. Баъд аз як паёми солинавиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ борони танқид ба сараш рехт.

Маълум нест, ба ҷойи Ламбрехт ба мақоми вазири дифои Олмон чӣ касе баргузида мешавад.