Чанде аз кормандони амалкунанда ва пешини пулиси Қазоқистон дар доираи парвандаи ташкили шабакаи гардиши ғайриқонунии аслиҳа зиндонӣ шуданд.
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, марҳилаи аввали амалиёти махсуси "пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии аслиҳаро ибтидои моҳи декабри соли 2021" баргузор карда буданд.
Гардиш ва фурӯши аслиҳа аз сӯи кормандони мақомоти қудратӣ бо роҳи маҳвсозии сохтакоронаи силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои тарканда сурат мегирифтааст.
"Дар натиҷаи чораҳои маҷмуии фаврӣ даст доштани кормандони пулиси вилоятҳои Қарағанда, Павлодар ва Қазоқистони Шимолӣ дар фурӯши аслиҳа ошкор шуд", - омадааст дар хабари Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон. Ин кумита ҳамчунин харидорони аслиҳаро ошкор кардааст, ки миёни онҳо "намояндагони гуруҳҳои ҷиноӣ ва равияҳои тахрибкори диннӣ ҳастанд".
Дар ҷараёни боздошт ва кофтукоб 347 мил силоҳ, 13 норинҷак ва 7387 муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.
Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон айбдоршавандаҳоро аз 2 то 5 сол зиндонӣ кардааст. Номи маҳкумшудаҳо ошкор нашудааст.