Вахтанг Кикабидзе даргузашт

Вахтанг Кикабидзе

Ҳунарманд, коргардон ва ходими иҷтимоӣ, Вахтанг Кикабидзе, дар 84-солагӣ дар Гурҷистон даргузашт. Дар ин бора рӯзи 15-уми январ шабакаи телевизионии Гурҷистон гузориш дод.

Вахтанг Кикабидзе соли 1980 унвони Ҳунарпешаи мардумии Гурҷистонро гирифт. Вай дар миёнаи солҳои 70-ум ба сабаби нақшҳояш дар филми Георгий Данелия дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ маъруф шуд.

Кикабидзе аз замони ҷанги Русия ва Гурҷистон дар соли 2008 дар Русия ҳунарнамоӣ накардааст.

Ӯ, инчунин, ишғоли Қрими Украинаро аз тарафи Русия ва таҷовузи Маскавро ба хоки Украина дар соли 2022 маҳкум кард.