Бар асари ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар Днепри Украина 25 нафар кушта ва зиёда аз ҳафтод кас захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудаҳо духтари понздаҳсола аст. Раиси вилоят Валентин Резниченко гуфт, ҳамла рӯзи 14-уми январ сурат гирифт.
Барои ончи "бадтарин ҳамлаи террористӣ ба Днепр" аз оғози ҳамлаи бедалели Русия дар моҳи феврали соли гузашта арзёбӣ мешавад, се рӯз мотам эълон шудааст.
Кирило Тимошенко, муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Украина, рӯзи 14-уми январ дар Telegram навишт, маъмурони наҷот одамонеро, ки дар қабати болоии бино банд монда буданд, бо ёрии кранҳо берун оварданд. Эҳтимол чанде аз сокинон дар зери харобаҳо мондаанд.
Артиши Украина гуфтааст, бовар дорад, бинои нӯҳошёна бо мушаки дурпарвози Х-22 зада шудааст. Бар асари зарбаи он даромадгоҳи биное, ки дар он бештар аз 1100 кас мезист, фурӯ рафт.
Дар вилоятҳои ғарбии Лвов ва Ивано-Франковск, дар Одесса ва дар шимолу шарқи Харков низ иншооти муҳим осеб дидаанд. Киев, пойтахти Украина, ҳам ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Ба гуфтаи Юрий Иҳнат, сухангӯйи нерӯҳои ҳавоии Украина, Русия бо мушакҳои баллистикӣ аз шимол ба Киев ҳамла кард.
Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, таркишҳо дар шарқи шаҳр ба вуқуъ пайваст ва пораҳои мушак дар як қисмати беодами ноҳияи Ҳолосиевский афтод. Кличко гуфт, дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нашудааст ва сӯхтор дар як бино дар ноҳияи Ҳолосиевский хомӯш карда шуд.
Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина генерал Валерий Залужний гуфт, Русия дар умум рӯзи 14-уми январ 33 мушаки болдор сар дод. 21 мушак сарнагун карда шудааст.
Ҳамлаҳои мушакии Русия дар ҳоле сурат гирифт, ки нахуствазири Бритониё Риши Сунак гуфт, кишвараш ба Украина тонку тӯпхона медиҳад. Русия иқдоми Сунакро танқид кард.
Риши Сунак ва Владимир Зеленский. Акс аз 19-уми ноябри 2022
Пас аз ҳамлаи бедалели Русия дар 24-уми феврали соли 2022, бори аввал аст, ки Бритониё васоили сангинро дар ихтиёри Украина мегузорад.
Масъулони Вазорати дифои Бритониё гуфтанд, эъломи расмии фиристодани то 12 тонк ба Украина дар нишасти кишварҳои кумаккунанда рӯзи 20-уми январ дар Олмон эълон хоҳад шуд.
Гузоришҳо ба нақл аз манобеи давлатии Бритониё баёнгари он аст, ки чаҳор тонки навъи "Challenger 2" фавран ва ҳашт тонки дигар дертар ба Украина ирсол хоҳад шуд.
Бисёре аз давлатҳои ғарбӣ то ин авохир аз ин кор худдорӣ мекарданд, зеро хавф доштанд, ки ин ҳаракат боис ба ташдиди танишҳо бо Маскав мешавад. Лаҳистон, ки узвияти НАТО-ро дорад, рӯзи 11-уми январ эълом кард, ки моил аст, тонкҳои навъи "Leopard 2"-и сохти Олмонро "дар чорчӯби як эътилофи байнулмилалӣ" ба Украина бифиристад.
Украина аз оғози ҳамлаи Русия ба ин кишвар садҳо тонки навсозишудаи навъи T-72, мутааллиқ ба даврони Иттиҳоди Шӯравии собиқро аз ҳампаймонҳои аврупоияш ва НАТО, ба монанди Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон, дарёфт кардааст.