Додситон ба гумонбарони асосӣ дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистони Узбекистон Давлатмурод Тоҷимуродов ва Лолагул Каллихонова мутаносибан 18 ва 11 сол зиндон талаб кардааст.
Барои гумонбарони дигар ҳукмҳои сабуктар ва танҳо барои ду нафар маҳдудшавии озодияшон талаб карда шудааст.
Ин талаби додситон 11-уми январ дар Додгоҳи вилояти Бухоро, ки парвандаи 22 гумонбар дар ҳодисаҳои Нуқусро баррасӣ мекунад, садо додааст.
Рӯзҳои 1-2-уми июли соли 2022 дар шаҳри Нуқус ба зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.
Нерӯҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардид. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.
Дар додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, 22 кас бо моддаҳои "Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ", "Суиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғоратгарӣ", "Дузди тавассути аз худсозӣ ё исрофкорӣ", "Соҳиб шудан, нобуд кардан, зарар расонидан ё кушодани ҳуҷҷатҳо, муҳрҳо, бланкаҳо, рақамҳои қайди давлатии нақлиёт", "Бетартибии оммавӣ", "Авбошӣ" ва ғайра айбдор мешаванд.