Даҳҳо коршинос дар назарпурсии “Шӯрои Атлантик”, як маркази таҳлилии Амрико гуфтаанд, ки Русия то 10 соли дигар аз ҳам пошида, ба вилоятҳои мустақил тақсим мешавад.
Дар ин назарпурсӣ 167 таҳлилгари шинохтаи байналмилалӣ иштирок кардаанд ва нисфе аз онҳо барои Русия чунин ояндаеро пешбинӣ кардаанд. Бархеи дигар гуфтаанд, эҳтимол Русия ба кишвари ноком ва фалаҷшуда табдил ёбад.
Натиҷаҳои ин назарсанҷиро нашрияи “Файненшел Таймс” рӯзи 9-уми январ чоп кардааст. Бар асоси ақидаи 40 дар сади назардодагон, буҳрони сиёсӣ дар Русия метавонад ба сабаби инқилоб, ҷанги дохилӣ ва ё фӯрупошии кишвар сар бизанад.
Аммо бисёре аз таҳлилгарони аврупоӣ дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки ба тақсим шудан ва аз ҳам пошидани он ҳамчун кишвар шубҳа доранд.
Намояндаи “Шӯрои Атлантик” гуфтааст, назарсанҷиро бинобар таҷовузи Русия ба Украина ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди он анҷом додаанд, ки Русияро заиф мекунанд ва сабаби зуҳури мушкилоти зиёди дохилӣ мешавад.
Русия охири моҳи феврали соли гузашта бесабаб ба Украина ҳамла кард. Бо гузашти наздик ба як сол ин кишвар ба ҳеч пешрафте дар ин ҷанг даст наёфт, вале зери таҳримҳои сахти иқтисодӣ қарор гирифт.