Наздики 40 иншооти давлатиро дар Туркманистон ба фурӯш гузоштанд

Яке аз биноҳои давлатӣ дар Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.

Дар Туркманистон фурӯши иншооти давлатии бесамар ва ё бедаромад идома дорад.

Вазорати молия ва иқтисоди он кишвар 39 корхонаи давлатиро ба фурӯш гузоштааст. Дар ин бора расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд.

Музояда рӯзи 25 январ баргузор мешавад.

Дар музояда фабрикаи молпарварӣ ва мурғпарварии вилояти Лебап, маркази тиҷориву дилхушии "Довребап", корхонаи лӯлабарорӣ дар вилояти Дашоғуз ва корхонаҳои дигар фурӯхта хоҳанд шуд.