Садҳо тоҷири бозори "Дордой-Дикан"-и Қирғизистон бо талаби бекор кардани борхатҳои электронӣ барои доираи соҳибкорон таҷаммуъ карданд.
Ин хабарро дар хадамоти матбуотии Хадамоти давлатии андози Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.
Бино ба хабарҳо, тоҷирони "Дордой-Дикан" бар ин назаранд, ки девони вазирони он кишвар мехоҳад, "бозорҳоро аз байн бибарад". Дар Хадамоти андози Қирғизистон гуфтанд, миёни соҳибкорон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешавад.
Маъмурияти бозори "Дордой-Дикан" то ҳол таҷаммуи тоҷиронро шарҳ надодааст.
Қаблан Хадамоти андози Қирғизистон гуфта буд, аз 1 январи имсол соҳибкороне, ки ба муомилоти мол машғуланд, бояд дар низоми иттилоотӣ сабтином шаванд ва қоидаҳо дар бораи борхатҳои электрониро иҷро кунанд.