Воридоти мошинҳои хориҷӣ аз Қазоқистон ба Русия афзудааст

Сарҳади Қазоқистону Русия. Акс аз моҳи сентябри 2022

Воридоти мошинҳои хориҷӣ аз Қазоқистон ба вилояти Тюмени Русия 56 маротиба афзоиш ёфтааст.

“Кормандони постгоҳҳои гумрукии Тюмен ва Тоболск дар соли 2022 аз 668 мошине, ки аз Қазоқистон ворид шуданд, пардохти партовтозакунӣ қабул карданд. Шумори мошинҳое, ки як сол пеш ворид шуда буд, 12 ададро ташкил медиҳад", - гуфтаанд дар гумруки Тюмен ба нашрияи русии "РБК Тюмен".

Ба гуфтаи мудири кулли "HC Dina" Иван Михайлов, вазъ дар бозори мошини Русия пайваста душвор мешавад ва воридоти расмии мошинҳои машҳури аврупоӣ ва ҷопонӣ ба ин кишвар дар моҳҳои наздик ё шояд солҳо аз сар гирифта нахоҳад шуд.

Интиқоли молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Русия баъд аз эълони таҳримҳо ба зидди Маскав ба хотири ҳамла ба Украина афзоиш ёфтааст. Расонаҳо моҳи декабри соли гузашта хабар доданд, ки содироти мол аз Қазоқистон ба Русия дар як соли охир 15,1 дарсад зиёд шуд.