Русия эҳтимол 15-уми январ басеҷи нав эълом кунад

Кемерово, Русия. Гусели нерӯҳои иловагӣ ба артиш. Акс аз бойгонӣ

Намояндаи Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина Андрей Черняк гуфтааст, эҳтимол Русия рӯзи 15-уми январ басеҷ ё сафарбарии иловагии шаҳрвандонро ба артиш эълом кунад.

Ин суханҳои Чернякро хадамоти матбуотии сарраёсат 7-уми январ нашр кард.

"Ба гуфтаи ӯ, то ним миллион шаҳрванди Русия ба сафи Неруҳои мусаллаҳи кишвари "террорист" басеҷ хоҳад шуд. Басеҷи навбатӣ, ки лоиҳаи фармони он мавҷуд аст, ин дафъа низ дар шаҳрҳои бузурги Русия, аз қабили Москва ва Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт”, - омадааст дар иттилои Сарраёсати иктишофии Украина.

Черняк афзудааст, сафарбаркунӣ ба мардони русиягие дахл хоҳад дошт, ки ҳам дар бахшҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар "соҳаҳои судовар ба иқтисоди Русия" кор мекунанд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 5-уми январ эълон карда буд, ки Русия ба даври навбатии сафарбаркунӣ омодагӣ мебинад.