Боздошти чанд фаъоли қазоқ дар рӯзи ёдбуди қурбониёни эътирозҳо

Дар рӯзи ёдбуди қурбониёни ҳодисаи январи соли гузашта, майдонҳои марказии шаҳр баста шуданд ва хиёбонҳоро милисаҳо назорат мекунад.

Дар гирдиҳамоиҳо ба ёди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи соли гузашта чанд фаъоли қазоқро дастгир кардаанд. Асет Абишев ва Бибигул Имангулиева, фаъолони шаҳрвандӣ дар Алмаато хабар доданд, ки чанд соат дар боздошт буданд.

Абишев дар саҳифаи фейсбукии худ ин амали мақомоти Қазоқистонро “таъқиби сиёсӣ” номидааст. Бибигул Имонгулиева, фаъоли дигар қазоқ, дар як муроҷиати видеоӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақл кардааст, ки аз соати 11 то 16 дар идораи пулис буд ва бе ягон санад телефони ӯро аз дасташ гирифтанд.

Дар шаҳри Алмаато ҳамчунин, фаъол Айдар Мубораков ва дар Остона 4 нафар аз ҷумла Жаҳин Амангелдиро боздошт кардаанд. Амангелдӣ қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буд, ки онҳо ба мақомот расман хабар дода буданд, ки дар солгарди эътирозҳои моҳи январ ба ёди кушташудаҳо ҷамъ меоянд. Вале аз мақомот посухи рад гирифтанд. Масъулин дар Қазоқистон боздошти фаъолонро тасдиқ ё рад накардаанд.

Фаъолони қазоқ мегӯянд, фақат мехостанд, дар рӯзи 7-уми январ ба ёди қурбониёни ҳодисаҳои як соли пеш ҷамъо омада дуо кунанд.

Расо як соли пеш президенти Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев тавассути телевизион эълон кард, ки ба низомиён амр дод, бе ягон огоҳӣ ба тазоҳургарон оташ кушоянд. Сабаб эътирози оммавии мардум буд, ки бо норозигӣ аз ҳукумат ва якбора боло рафтани нархи гази моеъ дар чанд шаҳру ноҳия ба хиёбон баромаданд. Тазоҳурот ба бетартибӣ ва задухурди байни эътирозгарону низомиён печид.

Бино ба омори расмӣ дар ҳодисаҳои моҳи январи соли гузашта, 238 нафар кушта шуд. Аз ҷумла 6 нафар дар пайи шиканҷа дар идораи милиса ҷон бохтааст. Чандин ҳазор нафар боздошт шуданд. Садҳо кас аз шиканҷа шикоят карданд, аммо аксар парвандаҳои ҷиноятие, ки дар ин маврид кушода буданд, қатъ шудаанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, беназмиҳоро на эътирозгарон, балки террористоне анҷом додаанд, ки аз хориҷ омадаанд, вале далели қонеъкунандае дар ин маврид пеш наоварданд.