Пешгӯии ҳавои сард дар Тоҷикистон деҳқонҳоро “тарсонд”

Акс аз бойгонӣ

Эҳтимоли бисёр сард шудани ҳаво дар рӯзҳои наздик боғдорону соҳибони гармхонаҳоро дар Тоҷикистону Узбекистон сахт ба ташвиш овардааст.

Пойгоҳи “EastFruit”, ки ба таҳлили бозори меваву сабзавот машғул аст, навиштааст, сармои шадид ба замин ва кори боғдорон мушкил эҷод мекунад.

Таҳлилгарони сомона бо такя ба пешгӯии ҳавосанҷон навиштаанд, аз 10 то 15-уми январ ҳаво дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистону Узбекистон шабона то 20-22 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар сурати идомаи сармои шадид дарахтони анор ва лимону меваҳои дигарро ба таҳдиди талафёбӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Таҳлилгарони “EastFruit” борҳо таъкид кардаанд, ки тағйири иқлим барои деҳқонон дар тамоми ҷаҳон, махсусан Осиёи Марказӣ, пайомадҳои ногувор дорад.