Додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов мегӯяд, вазири собиқи дифои ин кишвар Мурод Бектанов дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 "фармонҳои ғайриқонунӣ содир карда, иншооти стратегии низомиро бе муҳофизат гузоштааст".
Асилов 5-уми январ дар порлумони Қазоқистон дар бораи ҳодисаҳои хунини "январӣ" ҳисобот дод. Ӯ гуфт, Бектанов ба гумони суистифода аз мақом дар вазъияти ҷангӣ дар зиндон аст.
Ба қавли Асилов, маъмурони интизомии Қазоқистон ҳанӯз пеш аз фармони президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи истифодаи силоҳ ба сӯи тазоҳургарон тирандозӣ карданд.
Истифода аз силоҳ дар ҳодисаҳои "январӣ"-и Қазоқистон бори аввал рӯзи 5-уми январ ҳангоми пешгирӣ аз ҳамла ба қароргоҳи президент Қосимҷомарт Тоқаев сабт шуда буд. Фармони Тоқаев дар бораи истифодаи силоҳ 7-уми январ баромад.
Тибқи иттилои додситони кулли Қазоқистон, дар миёни қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январ 67 кас ба ҳамла айбдор мешаванд. Муфаттишон 142 қурбонии дигарро ба нақзи ҳолати фавқулода ва амалиёти зиддитеррористӣ айбдор кардаанд.