Мақоми Тоҷикистон дар гузориши нави "Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2022" беҳтар шудааст. Дар ин арзёбӣ, ки рӯзи 2-юми январ нашр шуд, Тоҷикистон миёни 163 кишвар дар мақоми 92 ҷой гирифтааст. Назар ба як соли пеш мақоми Тоҷикистон дар "Шохиси ҷаҳонии сулҳ" 5 зина боло рафтааст.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Узбекистон дар зинаи 86, Қирғизистон 91, Қазоқистон 97 ва Туркманистон дар мақоми 104-ум қарор доранд.
"Шохиси ҷаҳонии сулҳ" аз тарафи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ таҳия шуда, вазъияти амният дар 163 кишвари ҷаҳонро арзёбӣ мекунад.
Бар асоси ин гузориш, Исландия оромтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Дар даҳгонаи амнтарин кишварҳои ҷаҳон, Зеландияи Нав, Ирландия, Дания, Австрия, Португалия, Словения, Чехия, Сингапур ва Ҷопон ҷой дода шудаанд.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, Афғонистон ҳамчунон ноамнтарин кишвари ҷаҳон боқӣ мемонад. Шаш соли ахир номи Афғонистон пайиҳам дар ин шохис дар мақоми охир қарор дорад.
Дар “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2022” Русия дар рӯйхати 10 кишвари ноамтарини дунё ҷой дода шудааст. Дар ин шохис Русия дар мақоми 160 ҷой дода шудааст ва баъд аз ин кишвар Сурия, Яман ва Афғонистон ҷой дода шудаанд. Мақомоти Русия на ҳамеша арзёбии созмонҳои ҷаҳониро эътироф мекунанд.
Неруҳои Русия рӯзи 24 феврали соли гузашта бидуни далел ба Украина ҳамла карданд ва ин ҷанг то кунун идома доранд. Баъди ин ҷанг фишор ва таҳримҳо алайҳи Маскав зиёд шуд ва дар дохили Русия ҳам эътирозҳо зиёд шуд. Украина, ки қариб як сол аст алайҳи таҷовузи Русия меҷангад дар “Шохиси ҷаҳонии сулҳ” дар миёни 163 кишвар дар мақоми 153-юм ҷой дода шудааст.