Ба хонаводаҳо барои кӯчидан аз Токио миллион иен медиҳанд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Ҷопон ба ҳар як кӯдаки хонаводае, ки аз минтақаи сераҳолитарини шаҳри Токио, пойтахти ин кишвар ба ҷойи дигар кӯч мебандад, то як миллион иен (тақрибан 560 ҳазор рубл) пардохт хоҳанд кард.

Ин иқдом ба хотири кам кардани аҳолии пойтахти Ҷопон ва рушди минтақаҳои камаҳолитарин гирифта шудааст.

Хонаводаи ҷопонӣ барои дарёфти ин ҷуброн бояд ба хориҷ аз Токио ё минтақаи кӯҳистони он кӯч банданд ва ҳадди ақал панҷ сол дар онҷо зиндагӣ кунанд. Хонаводае, ки дар минтақаи нав аз панҷ сол камтар зиндагӣ кунад, пулро бармегардонад.

Ҳукумати Ҷопон бар ин аст, ки то соли 2027 тақрибан 10 ҳазор нафар аз Токио ба деҳаҳо мекӯчанд.