Ҳушдори сафорати Амрико ба муҳоҷирони марзшикан

Марзи Мексика ва Амрико. Акс аз моҳи июли соли 2021

Сафорати Амрико дар шаҳри Тошканд ба узбекистониҳое ҳушдор дод, ки тавассути хоки Мексика кӯшиши ворид шудан ба Иёлоти Муттаҳидаро доранд.

"Сафорати Амрико ба онҳое ҳушдор медиҳад, ки тавассути хоки Мексика мехоҳанд, ғайриқонунӣ ворид шаванд. Онҳоро хатари даст ба ҷиноят задан, гирифтори хариду фурӯш ва қаллобии молӣ шудан таҳдид мекунад. Бо роҳҳои ғайриқонунӣ вориди ИМА шудан ҳаргиз амн нест," - омадааст дар хабари сафорат.

Намояндагии расмии Иёлоти Муттаҳида аз муҳоҷирон даъват кардааст, ки роҳҳои қонунии ворид шудан ба Амрикоро омӯзанд ва аз истифодаи роҳҳои ғайриқонунӣ худдорӣ варзанд.