Сокинони вилояти Самараи Русия рӯзи 3-юми январ ба ёди сарбозони фавтидаи ин минтақа дар ҳамлаи нерӯҳои Украина маърака баргузор карданд.
Маскав мегӯяд, истифодаи бидуни иҷозати телефонҳои мобилӣ аз тарафи сарбозон боис шуд, ки 31-уми декабр нерӯҳои Украина макони ҷойгиршавии онҳоро ҳадафи оташи тӯпхона қарор доданд.
Вазорати мудофиаи Русия тасдиқ кард, ки дар ҳамла ба пойгоҳи сарбозони рус дар шаҳри Макеевкаи вилояти Донетск 89 нафар кушта шуд.
Низомиёни Украина иддао доранд, ки дар ин ҳамла камаш 500 низомии рус ба ҳалокат расид.
Радиои Озодӣ то ҳол тасдиқи бетарафи ин маълумотро дастрас накардааст. Тибқи иттилои расида аксари фавтидагон сарбозон аз вилояти Самара будаанд.