Ду шаҳрванди Фаронса ва як шаҳрванди Белгия дар Эрон ба иттиҳоми "ҷосусӣ ва тавтеа алайҳи амнияти миллӣ" боздошт шудаанд.
Хабаргузории нимарасмии ИСНА рӯзи 3-юми январ бо такя ба Масъуд Ситоишӣ, сухангӯйи Додгоҳи олии Эрон, навишт, таҳқиқи парвандаҳои ин афрод идома дорад. Ӯ тафсилот надод.
Нерӯҳои интизомии Эрон аз оғози эътирозҳо дар ин кишвар ҳудуди 40 шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд. Ҳануз нисбат ба аксари онҳо айб эълон нашудааст.
Нооромиҳои Эрон моҳи сентябри соли 2022 ва дар эътироз ба марги донишҷӯйи 22-сола Маҳсо Аминӣ оғоз шуд ва саросари он кишварро фаро гирифт. Дар ин муддат садҳо нафар дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.
Аз оғози эътирозҳо дар Эрон, шуморе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Белгия ва Ҳолланд хоҳони хуруҷи фаврии шаҳрвандонашон аз Эрон шуда буданд.