Барои ҳимоят аз пизишкони боздоштшуда пул ҷамъ мекунанд

Бемористоне дар Бишкек

Эътилофи мустақили кормандони соҳаи тиб дар Қирғизистон аз оғози маъракаи ҷамъоварии маблағ барои кумаки пизишкони боздоштшуда хабар дод. Дар ин бора Бермет Бариктабасова, раиси ин эътилоф иттилоъ дод.

"Ҷомеаи касбӣ ба Эътилоф барои ҷамъоварии маблағ ба 5 пизишки боздоштшудаи кӯдакона муроҷиат кард. Эътилоф дар навбати худ кафолат медиҳад, ки дар ҷамъоварии маблағ шаффофият ва ҳисоботдиҳиро риоят ва барои онҳо вакили мудофеъ киро мекунад", - гуфт Бариктабасова.

Панҷ пизишки Маркази муҳофизати модару кӯдак ва бемористони кӯдаконаи шаҳрӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 30-юми декабри соли 2022 боздошт шуданд.

Мақомот онҳоро ба "хунукназарӣ ҳангоми иҷрои вазифа" гумонбар мекунанд.

Боздошти пизишкон ба қазияи як кӯдак рабт дорад, ки субҳи 13-уми декабри соли 2022 бо дарди меъда ба шифохона оварда шуда, пас аз чанд соат ҷон дод. Пулис баъди ин ҳодиса тафтишро шуруъ кард.

Вазорати тандурустии Қирғизистон ин ҳодисаро то кунун шарҳ надодааст.