Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, тағйиротро ба қонуни мубориза бо фасод рӯзи 3-юми январ имзо кард.
Пештар аз ин Сенати Қазоқистон тағйиру иловаҳоро ба қонуни зидди фасод қабул карда буд. Аз соли 2027 дар Қазоқистон мансабдороне аз мақом ронда хоҳанд шуд, ки дахлу харҷашон баробар нест.
Дар қонуни мазкур омадааст, ки агар харҷи мансабдор аз нишондодҳои эъломияаш бештар аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад, аз мақом барканор мешавад.