Сиёсатмадори 77-сола, Лула да Силва, бори саввум раёсати ҷумҳури Бразилияро ба уҳда гирифт.
Маросими савгандёдкунӣ рӯзи якуми январ зери чораҳои шадиди амниятӣ гузашт.
Ӯ моҳи октябри соли 2022 дар даври дувуми интихоботи президентӣ бо 50,9 дарсади оро ба рақибаш Жайр Болсонару пирӯз шуд. Болсонару натиҷаро напазируфт.
Да Силва яке аз ташаббускорони таъсиси созмони иқтисодии БРИКС аст. Ба он Бразилия Русия, Чин, Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ дохиланд.
Сафири Бразилия дар Иёлоти Муттаҳида баъд аз истеъфояш дар соли 2007 изҳор дошта буд, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ “эҳсоси зиддиамрикоӣ” ривоҷ ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко гуфт, ба Лула да Силва “паёми шахсии Путин”-ро расонд. Вай изҳор дошт, ки сиёсатмадори бразилиро дар Маскав интизоранд. Мавқеи Бразилия дар ин бора маълум нест.
Лула да Силва моҳи май дар мусоҳиба бо маҷаллаи Time гуфт, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро танҳо масъули ҷанг дар Украина намеҳисобад. Ба бовари ӯ, “Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Киев низ масъули низоъ ҳастанд”.