"Қатъи барқу гармӣ". Артиши Украина гуфт, даҳҳо дрони Русияро аз байн бурд

Украина

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, рӯзи 2-юми январ гуфт, Русия бо даҳҳо бесарнишин ба пойтахти Украина ҳамла карда, ба зербиноҳои энержӣ осеб расонд ва сабаби “қатъи барқу гармӣ” дар баъзе аз гӯшаҳо шуд.

Артиши Украина эълон кард, ки шаби гузашта 44 ҳавопаймои бесарнишини Русия ба минтақаҳои гуногуни ин кишвар ҳамла карданд, вале ҳамаашон аз байн бурда шуданд.

Шаби 1-ум ба 2-юми январ дар минтақаҳои дигари аҳолинишин, аз ҷумла дар шаҳри Херсон, ҳамлаҳо сурат гирифтааст.

Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, мақомҳои Украина тасдиқ кардаанд, ки Русия зоҳиран як шифохонаи кӯдаконро дар Херсон задааст. Аммо ин гузориш ба сурати мустақилона таъйид нашудааст.

Русия ёздаҳ моҳ пеш ба Украина ҳамла кард. Амрико ва муттаҳидони ғарбии Украина то кунун ба ин кишвар ба маблағи садҳо миллион доллар кумаки низомиро фароҳам кардаанд, то аз худаш дифоъ кунад.

Конгресси Иёлоти Муттаҳида тақрибан даҳ рӯз пеш тарҳи буҷети соли 2023-ро қабул кард. Дар он кумаки 45-миллиарддолларӣ ба Украина низ сабт шудааст.