Расонаҳои давлатии Сурия гузориш доданд, ки Исроил ба фурудгоҳи Димишқ ва атрофи он ҳамлаҳои мушакӣ анҷом додааст.
Хабаргузории SANA ба нақл аз як манбаи низомӣ гузориш дод, ки ҳамлаҳо соати 02:00-и бомдоди душанбе ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт.
Дар гузориш омадааст, бар асари ҳамлаҳо ду сарбоз ҷон бохта, Фурудгоҳи байнулмилалии Димишқ аз фаъолият монд.
Роми Абдураҳмон, раиси ниҳоди назорат бар ҳуқуқи башари Сурия (қароргоҳаш дар Бритониё), ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, дар ҳамлаҳои имрӯз мавзеъҳои "Ҳизбуллоҳ" ва гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар дохили фурудгоҳи Димишқ ва атрофи он, ба шумули як анбори аслиҳа, нишон гирифта шуданд.