Дар Қазоқистон гирифторӣ ба коронавирус афзоиш меёбад

Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 263 кас ба коронавирус ё "COVID-19" мубтало шудааст, ки назар ба нишондоди як рӯз пеш 32 ҳолат бештар аст.

Тибқи иттилои вазорат, 28-уми декабр дар Қазоқистон як нафар бар асари коронавирус ҷон бохтааст, ки дар давоми 18 рӯзи ахир нахустин ҳолат ба ҳисоб меравад. Ин ниҳод бори ахир дар бораи марги шаҳрванди Қазоқистон аз коронавирус 11-уми декабри соли равон хабар дода буд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир 2729 шаҳрванди ин кишвар аз коронавирус табобат мегиранд.