Баъд аз изҳори назари сафири Русия дар Қазоқистон Алексей Бородавкин вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо вай гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора рӯзи 28-уми декабр намояндаи вазорат Ойбек Смадиёров хабар дод.
"Бо Алексей Бородавкин суҳбат шуд. Раиси порлумон Ерлан Кошанов изҳороти сафирро шарҳ дод. Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин бора суҳбат кард. Бар ин назарем, ки масъала ҳал шудааст. Узрхоҳии ҷониби Русия қабул шуд", - гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 28-уми декабр.
Ибтидои моҳи декабри соли 2022 сафири Русия дар Қазоқистон дар суҳбат бо хабаргузории русии Sputnik гуфт, агар мақомоти Қазоқистон барои "мубориза бо миллатгароҳо" кӯмак талаб кунанд, Русия метавонад кӯмак расонад. Чунин изҳоротро пештар ходимони дигари давлатии Русия низ карда буданд.