Маъданҳои марбут ба Усмоновро дар Украина ҳабс карданд

Владимир Путин ва Алишер Усмонов

Хадамоти амнияти Украина бештар аз 160 ҳазор тона маъданеро ҳабс кард, ки наздик ба 54 миллион доллар арзиш дорад. Ин маъдан ба сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмонов мутааллиқ аст.

Хадамоти амнияти Украина чанд анбори пинҳонии Русияро дар бандарҳои Украина ошкор кардааст, ки маъданҳои марбут ба Усмонов онҷо нигоҳдорӣ мешуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, маъданҳои мазкур мебоист ба Русия ирсол ва дар бахши саноати низомӣ истифода мешуд.

Усмонови 69-сола яке аз сарватмандтарин афрод дар Русия аст. Бино ба баҳогузории маҷаллаи Forbes, дар соли 2022 дороии Усмонов ба 14,6 миллиард евро баробар будааст.

Баъд аз ҷанги Русия дар Украина дар моҳи феврали соли 2022, Усмонов шомили таҳримҳои байналхалқӣ шуд. Ӯ ба наздикӣ ба Кремл ва пуштибонӣ аз низоми ҳокими Русия айбдор мешавад.